«Мудирияти мақомоти интихоботӣ»
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 28 то 1 июни соли равон дар шаҳри Душанбе курси таълимӣ дар мавзӯи «Мудирияти мақомоти интихоботӣ» доир гардид. Ин машғулиятҳои омӯзишӣ бо ибтикори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ (КМИР) ва Дафтари Созмони амнияти ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон барои аъзо ва кормандони КМИР ҶТ таҳия шудааст. Тавре ки котиби матбуотии КМИР ҶТ Раҳмоналӣ Шералиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси КМИР ҶТ зимни суханронии худ изҳор намуд, ки ин машғулиятҳо дар доираи амалисозии тавсияҳои Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА дар робита ба интихоботи парлумонии соли 2010 баргузор мешаванд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ дар маҳалҳо ба омӯзиш фаро гирифтани шахсонеро, ки ба маъракаҳои интихоботӣ ҷалб хоҳанд шуд, ба нақша гирифтааст. Барои ин аз тарафи Комиссия се номгӯй дастуруламал барои аъзои комиссияҳои ҳавзавию участкавӣ ва доир ба тартиби баррасии арзу шикоятҳо аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ таҳия шудааст. Ин тадбир барои сифатан беҳтар намудани кори комиссияҳои интихоботӣ ба таври амалӣ мусоидат хоҳад кард. Сафир Ивар Вики, роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон аз ҳамкориҳо бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро барои ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати такмили низоми интихоботӣ дар Тоҷикистон баён кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






