Мулоқоти Э.Раҳмон бо Г.Бердимуҳамедов
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар»).-20 июн дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар чаҳорчӯби иштирок дар Конфронси Рио+20 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот доир намуд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии ду кишвар баррасӣ шуд. Бо мақсади таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои марбут ба имзои лоиҳаҳои омодашудаи санадҳо доир ба соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатиро зарур шумурданд. Масоили ҳамгироии ду давлат дар соҳаҳои маориф, нақлиёт, тиҷорат ва иқтисод, бунёди корхонаҳои муштарак, фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ низ мавриди таваҷҷӯҳи сарварони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон қарор гирифтанд. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






