Мулоқоти Э. Раҳмон бо Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Лутфулло Фурӯзандаро ба ҳу зур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ба кор даровардани чархаи дуюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон, ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқии ду кишвар, кашидани лӯлаи об аз Тоҷикистон ба Эрон баррасӣ шуд. Ду ҷониб аз фаъолияти босамари 150 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон ва афзоиши тиҷорати мутақобила, ки соли 2011 ҳаҷми умумии он ба 204 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба соли 2010 2% афзудааст, изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳамзамон бо ин Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «имкону захираҳо барои якчанд маротиба боло бурдани нишондодҳои табодули молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон хеле зиёд аст». Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






