Мулоқоти Э.Раҳмон бо Р.Кайт
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховра»).-Дар ҳошияи Конфронси СММ оид ба рушд дар Рио-де-Жанейро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор Рейчел Кайт мулоқоти судбахш анҷом дод. Рейчел Кайт ба муҳтавои суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии Конфронси Рио-20 баҳои баланд дода, пешниҳодҳои ӯро дар бахши энергетика ва доир ба роҳҳои рушди устувор сазовори дастгирии байналмилалӣ номид. Зимни баррасии масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ аз сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дастгирии пайвастаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Муҳокимаи масоили вобаста ба анҷоми босифати имконсанҷии техникию иқтисодӣ ва омӯзиши таъсири иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ва татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА-1000 низ аз мавзӯъҳои суҳбат буд. Ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро доир ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи минбаъда таъкид доштанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






