Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомид Карзай

Июнь 6, 2012 19:10

Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.  «Мо ҳамеша аз мавқеи кишвари дӯст дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пуштибонӣ менамоем», — таъкид дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори боварӣ намуд, ки «ба Афғонистон мақоми давлати нозири Созмони ҳамкории Шанхай дода мешавад». Сарони ду давлати ҳамсоя барои татбиқи босамари лоиҳаҳои дар ҷараёни Конфронси душанбегии РЕККА пешниҳодшуда ҳамкории ҳамоҳанги Тоҷикистону Афғонистон ва кишварҳою созмонҳои мададрасонро зарур шумурданд. Тавре зикр гардид, лоиҳаҳои сохтмони роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба самтҳои гуногуни Афғонистон ва то сарҳади Покистон ва кашидани хаттҳои интиқоли барқи 500-киловатаи Сангтӯда – Пули Хумрӣ ва КАСА-1000 аз ҷумлаи онҳоянд. Чунонки иттилоъ дода шуд, Тоҷикистон имсол омода аст ба Афғонистон тавассути хатти 220-киловолтаи Сангтӯда – Қундуз – Пули Хумрӣ ҳудуди 700 мегаватт нерӯи барқ содир намояд. Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай аз болоравии босуръати ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва имконоти транзитии ду кишвар изҳори хушнудӣ карда, ҳавасмандии худро ба рушди минбаъдаи робитаҳои судбахш, аз ҷумла тавассути ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ, таъкид намуданд. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба тавсиаи бештари заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкорӣ ва тақвияти ҳамгироии миёни сохторҳои низомию амниятии ду кишвар сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 6, 2012 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд