Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова

Июнь 22, 2012 09:35

Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конфронси Рио+20 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Боковаро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории пурмӯҳтавои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО муҳокима гардиданд. Роҳбари Тоҷикистон ба фаъолияти сохторҳои фаръию ниҳодҳо ва муассисаҳои мухталифи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Ташкилоти он оид ба маориф, илм ва фарҳанг дар кишвари худ баҳои баланд дод. Бахусус, Президент Эмомалӣ Раҳмон аз мусоидати Ташкилот дар роҳандозии Ҳамоиши байналмилалии иҷрокунандагони мусиқии классикии “Шашмақом”, ворид намудани санаи 1150-солагии асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллои Рудакӣ ба Феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО, ҷудо кардани маблағҳо барои тадқиқотҳои минбаъдаи илмӣ ва таъмини ҳифзи ёдгориҳои қадимаи Тоҷикистон — шаҳраки Саразм ва Ибодатгоҳи буддоӣ дар Аҷина-Теппа ёдовар шуд. Ҷонибҳо зикр намуданд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону ЮНЕСКО имрӯз фарогири масъалаҳои мубрами глобалӣ низ мебошанд. Бо ибрози ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳо бо ЮНЕСКО, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳамсӯҳбаташро ба масъалаи ташкил кардани Экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикӣ ба кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши ҳолати кунунии пиряхҳо ва тамоюлҳои тағйирёбии таркиби онҳо ҷалб намуд. Дар робита ба он, ки соли 2013 ба узвияти Тоҷикистон дар ЮНЕСКО бист сол пур мешавад, Президент Эмомалӣ Раҳмон аз Мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова даъват ба амал овард, ки дар ин сол дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон сафари дӯстона анҷом диҳад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 22, 2012 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт