Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Осиф Алӣ Зардорӣ

Июнь 6, 2012 14:48

Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд. «Мавқеи Тоҷикистону Покистон оид ба аксари масъалаҳои муҳим ба ҳам наздиканд. Ин омил имконият медиҳад, ки ду давлати дӯст ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақавӣ дар ҳамоҳангӣ амал намоянд», — изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Гуфтгӯи судманд доир ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ барои тавассути сарзамини Афғонистон ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётии Тоҷикистону Покистон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир ва ғайра сурат гирифт. Ба манзури аҳамияти ҳаётии амну субот дар Афғонистон барои рушди ҳамкории минтақавӣ сарони ду давлат изҳор доштанд, ки Тоҷикистону Покистон ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар ин кишвари ҳамсоя мусоидати фаъол мекунанд ва хоҳанд кард. Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба ҷаласаи ояндаи сарони давлатҳои Чоргонаи Душанбе (Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия) ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 6, 2012 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!