Мулоқоти кормандони АНМН бо занони маҳалла
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 13 июн кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ (АНМН) якҷоя бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ бо занони маҳаллаи «Меҳнатобод» — и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҷлиси вохӯрӣ ташкил намуданд.Мувофиқи хабари Агентии назорати маводи нашъаовар, ин вохӯрӣ ба мавзӯи мубориза алайҳи маводи нашъаовар бахшида шуда буд. Иштирокдорони он масъалаҳои нашъамандии байни ҷавононро мавриди муҳокима қарор доданд.Ғайр аз ин кормандони Агентӣ дар мавриди ҷилавгирии бемории ВИЧ/СПИД ба ҳозирон маълумот доданд.Мақсад аз чунин вохӯриҳо тарғиби тарзи солими зиндагӣ ва дар ниҳоди шаҳрвандон парваридани ҳисси ватандӯстӣ ва пеш гирифтани мавқеҳои зидди маводи нашъаовар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






