Мулоқоти сафири ҶТ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ
Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ оид ба масъалаҳои муносибатҳои бисёрҷониба Амиртуркӣ бани Муҳаммад бани Сауд ал – Кабир мулоқот анҷом дод.Дипломатҳо аз рӯи масъалаҳои роҳандозии ибтикороти Шоҳи Арабистони Саудӣ ба манзури таъсис додани Форуми иқтисодӣ ва ҷаласаи вазирони корҳои хориҷи кишварҳои араб, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, доир намудани мулоқоти Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҳамчунин имконоти татбиқи якҷояи лоиҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон табодули афкор намуданд.Абдулло Юлдошев изҳори боварӣ намуд, ки ҳалли масъалаҳои баррасишуда дар амри мусоидат ба рушду густариш бахшидани ҳамкории мутақобилан муфиди дуҷониба мақоми муҳим хоҳад дошт.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






