Мулоқоти Шариф Раҳимзода бо Сияр Абдураҳмон ал-Мавдаҳ
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Шариф Раҳимзода бо Сафири ғайримуқими Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сияр Абдураҳмон ал-Мавдаҳ баргузор гардид. Аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни вохӯри Ш.Раҳимзода иштироки фаъоли ширкатҳои қатариро дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ самараи неки ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ кард. Ҷалби ширкатҳои бузурги Давлати Қатар дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои ҳаётан муҳим, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ, рушди соҳаи туризм ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои мухталиф дар мулоқоти Ш.Раҳимзода ва Сияр Абдураҳмон ал-Мавдаҳ аз мавзӯъҳои меҳварӣ маҳсуб гардиданд. Баҳри вусъат додани муносиботи иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бо ҳам дӯст ҳамчун сафири ғайримуқими Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳам кард, иброз дошт дар интиҳои вохӯрӣ Сияр Абдураҳмон ал-Мавдаҳ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






