Мулоқоти вазир бо сафири ИМА
Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кеннет Гроссро бинобар анҷом ёфтани рисолаташ ба ҳузур пазируфт. Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ фаъолияти Сафири ИМА дар Тоҷикистонро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки дар давраи дар Тоҷикистон будани ӯ муносибатҳои ҳар ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Сафири ИМА ба вазир барои ҳамкории судманд ва дастгирии фаъолияти сафорати кишвари ӯ дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард. Кеннет Гросс иброз дошт, ки Тоҷикистон шарики муҳими ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда ва кишвараш ба рушди муносибатҳои дуҷониба аҳамияти хоса медиҳад.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






