Мулоқоти вазир бо сафири Туркманистон
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар»). – 25 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ нусхаҳои Ваколатномаҳои Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Чинор Рустамоваро қабул кард. Мусоҳибон самтҳои ҳамкории мутақобилан муфиди дуҷониба дар бахшҳои савдо, иқтисод, энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, фарҳанг ва маорифро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамчунин перомуни масъалаҳои минтақавии марбут ба вазъияти Афғонистон табодули афкор намуданд.Ҷонибҳо зикр карданд, ки барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳо имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, ҳамчунин ҷиҳати идома ёфтани раванди мусбати робитаҳои бисёрҷониба саъю кӯшиш хоҳанд кард.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






