Мулоқоти вазирони ВКХ Тоҷикистон ва Эрон
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 14 июн дар шаҳри Кобул мулоқоти Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Солеҳӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин идома бахшидани ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Афғонистон ва Эрон бо ҷалби ҳамтоёни минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ҷиҳати тезонидани татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти умумиминтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҷараёни мулоқот аҳамияти дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои минтақавӣ бо ҷалби Афғонистон, сохтмони иншоотҳои инфрасохтории байни Тоҷикистону Эрон тавассути қаламрави Афғонистон таъкид гардид.Роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷӣ ҳамчунин ба Конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳо таҳти унвони «Қалби Осиё», ки натиҷаҳои он ба сулҳу суботи Афғонистон таъсири мусбат расонида ва ба рушду густариши иҷтимоию иқтисодии ин кишвар мусоидат мекунанд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






