Муосдираи зиёда аз 100 кило маводи мухаддир

Июнь 11, 2012 09:13

Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Аз ҷониби кормандони милитсия дар наздикии хоҷагии моҳипарварии ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷамоати деҳоти Сайроб шаҳрванд Аҳмад Давлатов, соли таваллудаш 1976, сокини деҳаи Чорбоғ дастгир шуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 37 килою 755 грамм маводи сахттаъсири «героин», 16 килою 300 грамм маводи нашъадори «афюн», 10 киллою 695 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» ва 3752-дона таблеткаҳои психотропии «МДМА» дар вазни 880 грамм, ки ҳамагӣ ҷамъ 65 килою 630 граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира гардид.  Ҳамчунин, ҳафтаи сипаригардида дар натиҷаи як амалиёт аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ дар деҳаи Комсомоли ноҳияи Ҳамадонӣ шаҳрвандон Икром Темуров соли таваллудаш 1974, Абдурасул Ҳасанов ,соли таваллудаш 1978, сокинони ноҳияи мазкур ва шахрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдурашид валади Абдуқодир, соли таваллудаш 1972 дастгир карда шуданд. Ҳангоми кофтуков аз борхалтаи онҳо 46 бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ба миқдори махсусан калон, яъне 42 кг ҷой дошт, дарёфт ва мусодира гардид. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишашон идома доранд.

Июнь 11, 2012 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад