Мусодираи маводи ҳаҷман калони мухаддира
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 10-уми июни соли равон дар натиҷаи амалиёти кормандони ВКД алайҳи гурӯҳи нашъаҷаллобон дар ноҳияи Шӯрообод, дар мавзеи «Деволбарс» миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва гурӯҳи қочоқчиёни афғон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Тавре ки дар сомонаи Вазорати корҳои дохилаи кишвар mvd.tj иттилоъ доданд, ашхоси мусаллаҳи ҷинояткор ба муқовимат тоб наоварда, ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд. Дар вақти тафтиши ҷойи ҳодиса аз пинҳонгоҳи сохтаи қочоқчиёни маводи мухаддир дар ҳудуди мавзеи «Деволбарс» дар чор халта ба миқдори ниҳоят калон 100 кг 160 грамм маводи нашъадори бангдона ва як адад яроқи тамғаи «ТОЗ-16» дарёфт ва мусодира карда шуд.Ҳамчунин, 6-уми июн дар мавзеи номбурда, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ як гурӯҳи мусаллаҳи нашъаҷаллоб иборат аз шаҳрвандони Афғонистон ошкору безарар гардонида шуд. Задухӯрди мусаллаҳона, ки беш аз ду соат тӯл кашид, сабаби фирори қочоқчиён ба марзи ин кишвар гардид. Аз пинҳонгоҳи нашъаҷаллобон дар 5 борхалта ба миқдори 90 кг 300 грамм маводи нашъадор мусодира карда шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






