Мусофирон ғарқ шуданд
Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бар асари садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Айнӣ 3 нафар дар Искандаркӯл ғарқ шуданд.Мувофиқи хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҶТ дар ҷамоати Фондарё ронандаи автомобили тамғаи «Нива», сокини 34 — солаи ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, автомобили ӯ ба Искандаркӯл фурӯ рафт. Бар асари ин ҳодиса ронанда ва ду нафар мусофирони ӯ дар об ғарқ шуданд. Мувофиқи хабари манбаъ, наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шоми ҳамон рӯз ҷасади ғарқшудагонро аз об бароварда, ба мақомоти дахлдор супурданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






