Н. Мансуров-раиси нави Суди Олии иқтисодӣ

Июнь 15, 2012 09:00

Душанбе, 15 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Мансуров раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Наим Мансуров 58 сол дошта, зодаи шаҳри Хуҷанд аст. Мавсуф дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, собиқаи 24 –солаи корӣ дорад. Аз соли 1988 дар низоми судии кишвар, аз ҷумла ба ҳайси муовини аввали раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар намудааст. То интихоб шуданаш ба вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Суди вилояти Суғд буд.   Ҳамзамон дар иҷлосияи нўҳуми палатаи болоии парлумони мамлакат, ки нимаи дуюми 14 июн дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдулоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Амирхоҷа Ғоибназаров бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш ҷонибдорӣ намуданд. Инчунин Абдулҳафиз Ашўров аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодӣ ва Анварҷон Юсуфов аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон бозхонд гардиданд. Аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ҳамзамон пешниҳоди Сарвари давлатро дар бобати интихоби Абдуҷаббор Қодиров ба вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Абдуҷаббор Қодиров соли 1957 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, 29 сол собиқаи корӣ дорад. Аз соли1989 инҷониб дар низоми судии мамлакат, аз ҷумла ба ҳайси муовини аввали вазири адлияи ҷумҳурӣ фаъолияти густурда доштааст.

Июнь 15, 2012 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд