Нақши Ваҳдати миллӣ дар дастовардҳои иқтисодӣ
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷаласаи васеи кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаву корхонаҳои тобеи вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллоев Хайрулло Амонуллоевич кушода, ҳозиринро бо ҷашни 15 солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, дар бораи нақши Ваҳдати миллӣ дар дастовардҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва саноат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа ибрози назар намуд. Саъдиев Ш.С. номзади илмҳои таърих, дотсент, устоди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар баромади худ оид ба моҳият ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ, барқароршавии сулҳ ва амнияту осоиштагӣ дар ҷумҳурӣ сухан ронда, қайд намуд, ки маҳз бо шарофати он дар Тоҷикистон заминаҳои рушду пешрафт фароҳам омада, ҷумҳурӣ ба комёбиҳову дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид ва дар ҷаҳони муосир мавқеи махсус пайдо кард, ки нақши роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин дастовардҳо сазовори қадрдонист.Баромадкунандагон оид ба зарурат ва ҳифзи сулҳу ваҳдати бо заҳматҳои зиёд бадастомада, баимзорасонӣ ва татбиқи нақши Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар сарҷамъ ва ба ҳам овардани миллати тоҷик, таъмини якпорачагии сарзамини тоҷикон суханронӣ намуданд.Сипас дар толор оид ба раванди талошварзиҳо ва истиқрору пойдориии сулҳу ваҳдати бадастомада дар ҷумҳурӣ наворҳо намоиш дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






