На ҳамаи маълумот тасдиқи худро меёбад
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Идораҳои қудратии мамлакат барои тамос бо шаҳрвандон телефонҳои боварии худро эълон додаанд.Дар давоми якуним моҳи охир ҳамагӣ 50 нафар шаҳрвандон аз қонуншиканиҳои роҳбарони идора ва муассисаҳои вилояти Суғд тавассути телефонии боварӣ ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ маълумот доданд,-изҳор доштанд аз дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар ҷараёни санҷиш маълум гардид, ки на ҳамаи муроҷиаткунандагон маълумоти дуруст пешниҳод мекунанд. Аз маълумоти дар давоми моҳи май ва нимаи моҳи июн қабулнамудаи Раёсат танҳо 12 маълумот тасдиқи худро ёфт ва дар асоси он 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҳашт муроҷиати шаҳрвандон барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст. Ҳамчунин 7 муроҷиат тасдиқи худро наёфт. Нисбат ба 18 муроҷиати шаҳрвандон тафтишот идома дорад.Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назаров аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки бевосита бо худи ӯ низ тавассути рақамҳои (84332),6 22-22 дар тамос шаванд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






