Нафақагирон аз чӣ шикоят мекунанд?

Июнь 29, 2012 09:13

Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Бонки давлатии «Амонатбонк», маблағи аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ –майи соли 2012 ба суратҳисоби бонк гузаронидашуда 430 млн. 143,5 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ба гуфти масъулини бонк, маблағи барои нафақа ва ёрдампулӣ пардохтгардида бо назардошти бақияи аввали сол (25 млн. 414,4 ҳазор сомонӣ), 441 млн.621,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Шумораи нафақагирон то 1-уми июни соли 2012 ба 554 ҳазору 730 нафар расидааст. Бо вуҷуди он ки маблағи нафақа ва ёрдампулӣ аз тарафи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ пурра ба суратҳисоби «Амонатбонк» пардохта шудааст, аммо аз чӣ бошад, ки нафақагирони ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ аз нагирифтани нафақаи думоҳаашон шикоят доранд. Надодани нафақаи саривақтии нафақагирон хилофи қонунҳои мавҷуда буда, чун ҷиноят арзёбӣ мегардад.

Июнь 29, 2012 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад