Нахустин ҷаласаи Кумитаи техникӣ оид ба сарфаҷӯии энергия

Июнь 28, 2012 15:12

Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ифтитоҳии Кумитаи техникӣ оид ба сарфаҷӯии энергия, самаранокии энергетикӣ ва энергоменеҷмент, ки бо супориши Ҳукумати мамлакат дар назди Агентии давлатии “Тоҷикстандарт» таъсис шудааст, баргузор гардид.  Дар кори ҷаласа мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, масъалаҳои ташкилӣ ва баррасии Низомномаи кумитаи мазкурро мавриди муҳокима қарор доданд. Тибқи Низомнома вазифаи асосии ин кумитаи навтаъсис аз густариши стандартикунонии давлатии соҳаи энергетика дар доираи вобасташудаи фаъолияти он, таъмини саривақтӣ ва босифати илмию техникии таҳияи стандартҳои давлатӣ, ки ҷавобгӯи истеҳсол, интиқол ва истифодаи энергия мебошад,иборат аст.

Июнь 28, 2012 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд