Намоишгоҳи масолеҳи сохтмонии ватанӣ

Июнь 6, 2012 16:17

Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо иқдоми Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июни соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар бинои Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи Иттиҳодияи илмию истеҳсолии сохтмонии «Техноинвест» (кӯчаи Дӯстии халқҳо, 47) намоишгоҳи масолеҳи сохтмонии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ баргузор хоҳад шуд. Дар назар дошта шудааст, ки дар намоишгоҳ 25 намуд маҳсулоти гуногуни масолеҳи сохтмоние, ки дар корхонаҳои ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд, ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд. Ширкату муассисаҳои сохтмонӣ, шахсони инфиродӣ имкон доранд, ки аз намоишгоҳ дидан намуда, бо маҳсулоти мазкур шинос шуда ва барои харидорӣ намудани онҳо шартномаҳо ба имзо расонанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 6, 2012 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад