Намоишгоҳи маводи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Бо ибтикори Вазорати энергетика ва саноати ҶТ имрӯз, 15 июн, дар Ҷамъияти саҳҳомии «Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Техноинвест» намоишгоҳи маводи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ба кораш шурӯъ намуд. Тавре ки аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар намоишгоҳ 25 намуди маводи сохтмонии корхонаҳои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ба маърази намоиш гузошта шудааст.Назар ба иттилоои манбаъ, ширкатҳо, корхонаҳои сохтмонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ имкон доранд, ки бо маҳсулоти намоишгоҳ шинос шуда, барои хариди яклӯхт шартномаҳои дахлдор банданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






