Намоиши маҳсулоти сохтмонии ватанӣ

Июнь 19, 2012 17:11

Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат 15 июни соли ҷорӣ дар бинои намоишгоҳи ҶСП «Иттиҳодияи илмию истеҳсолию сохтмонии Техноинвест» намоиши масолеҳи сохтмонии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ доир гардид.   Мақсад аз доир намудани намоишгоҳи мазкур шиносоӣ бо масолеҳи сохтмонии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ буда, барои дар оянда дар сохтмони биною иншооти сохташаванда истифода бурдани онҳо мебошад. Мавриди тазаккур аст, ки намоишгоҳи мазкур бори нахуст дар ҷумҳурӣ баргузор гардида, ҳамчун қадамҳои нахустин дар бахши ҳамкорӣ бо сектори хусусӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он 25 корхона аз манотиқи гуногуни кишвар иштирок намуданд. Аз тарафи корхонаҳо 40 номгӯи масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, хиштҳои сохтмонӣ — ороишӣ, баоташтобовар, сементӣ — оҳак, гаҷ, хокаҳои молиданӣ, шишаи сохтмонӣ, ранг, дару тирезаҳои пластикӣ, маснуоти сангӣ, тахтасангҳои роҳравӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуд. Аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки йни замон дар ҷумҳурӣ 7 корхонаи сементбарорӣ, 80 корхонаи хиштбарорӣ, 50 корхонаи истеҳсоли қуму шағал, 6 ададӣ корхонаҳои коркарди санг ва гаҷбарорӣ, 1 ададӣ корхонаҳои шифербарорӣ, қубурҳои асбестӣ ва шишаи сохтмонӣ фаъолият доранд.

Июнь 19, 2012 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад