Намояндагони ХФМ РФ ба Душанбе меоянд
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз, 19 июн, сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Маскав Олег Молодиевский ва сардори шӯъбаи раёсати мазкур дар фурудгоҳи «Домодедово» — и вилояти Маскав Владимир Балашов барои боздиди корӣ ба шаҳри Душанбе меоянд. Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи маълумоти манбаъ, дар ҷараёни сафари корӣ мулоқоти ҳайати Хадамоти федералии муҳоҷирати ФР бо роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар назар аст. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла масоили ҷилавгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таъмини назорати самарабахши бахши муҳоҷират, ҳамчунин муқаррар намудани квотаҳо барои ҷалби муҳоҷирони ҶТ ҷиҳати иҷрои кор дар Федератсияи Русияро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Дар ҷараёни ин сафар мулоқот бо директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» — и Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар назар аст. Зимни ин мулоқот масъалаҳои интихоби муташаккилона ва ба вилояти Маскав фиристодани муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






