Намояндаи баландпояи Эрон ба Душанбе омад
Душанбе, 14 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лутфулло Фурўзанда, ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имрўз ба Душанбе омад. Мавсуф бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажодро дар бобати иштироки Сарвари давлати Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии кишварҳои узви Ҷумбиши адами тааҳҳуд ба Президенти Тоҷикистон супорид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз сафорати Эрон дар Душанбе иттилоъ доданд. Бояд зикр кард, ки иҷлосияи кишварҳои Ҷумбиши адами тааҳҳуд охири моҳи август дар Теҳрон баргузор мегардад. Ҳамзамон Лутфулло Фурўзанда зимни сафари якрўзааш ба Тоҷикистон аз бархе барномаҳои Эрон, ки дар кишвари мо татбиқ мегарданд, боздид менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






