Насби хату дастгоҳҳои нави қолинбофӣ
Суғд, 6 июн. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Дар ҷамъияти саҳҳомии «Қолинҳои Қайроққум» се хатти нави технологии замонавӣ — дастгоҳи бофандагии дуқабатаи тамғаи АЛФА – 360–и истеҳсоли Олмон, хатти технологии пардоздиҳии «Анмак»-и истеҳсоли Туркия ва дастгоҳи тортании намуди тасмавии «Мир Макина»-и истеҳсоли Туркия васлу насб гардид. Ин дастгоҳу хатти технологии муосир аз ҳама ҷиҳат: маҳсулнокӣ, сифат, камхарҷӣ, сарфаи вақти истеҳсолию технологӣ, сарфаи ашёи хом, имконияти эҷоди навъу намуд, модел, нақшу нигорҳои зиёд бартарӣ дорад ва имконият медиҳад, ки арзиши аслии қолинҳо паст ва ҳаҷми истеҳсолот зиёд шавад.Иқтидори дастгоҳҳо баланд буда, дар дастгоҳи бофандагии «Алфа» дар як соат 84 метри мураббаъ қолин бофта мешавад, ки нисбат ба дастгоҳи қаблӣ маҳсулнокиаш 8 баробар зиёд аст. Дастгоҳу хатти технологӣ ба тариқи электронӣ тавассути технологияи компютерӣ идора мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






