Нашри се ҷилди Энсиклопедия дар Қазоқистон
Душанбе, 12 июн.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- То ҷашни 15-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, ки 27 июн таҷлил мегардад, 3 ҷилди боқимондаи “Энсиклопедияи мухтасари тиб” нашр гардида, ба дасти хонандагон мерасад. Ҷилдҳои “Энсиклопедияи мухтасари тиб” аз таҳрир бароварда шуда, барои чоп ба як нашриёти бонуфузи Қазоқистон супорида шудааст. Дар ин хусус аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд. Бояд тазаккур дод, ки ҷилдҳои 1 ва 2-ми Энсиклопедия дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардида буданд, ки он ҳамчун дастоварди бузурги Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино дар бахши рушди илм ва нашри адабиёт арзёбӣ мегардад. Энсиклопедияи мазкур аз 5 қисм иборат буда, барои муаррифӣ ва ба низом даровардани комёбиву дастовардҳои таърихии олимони тоҷик дар риштаи тиб иқдоми наҷиб маҳсуб меёбад. Дар он доир ба сабабҳои асосии пайдоиши бемориҳои гуногун ва тарзу усули пешгирию табобати онҳо, қоидаҳои нигоҳубини беморон, шарҳи масоили гуногуни тибби назариявӣ ва клиникӣ, баланд бардоштани савияи фарҳанги санитарӣ ва тарбияи беҳдоштии аҳолӣ ба таври возеҳу равшан маълумот оварда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






