«Нилуфар» мактаб месозад
Кӯлоб, 5 июн.(АМИТ «Ховар», С.Холов). – Сохтмони мактаби нави таълимӣ дар деҳаи Боғгаии ноҳияи Мӯъминобод бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 оғоз гардида, он мувофиқи лоиҳа имсол дар арафаи соли нави хониш пурра бо таҷҳизоти лозимии таълимӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар айни ҳол дар иншоот аз ҷониби мутахассисони ташкилоти ҷамъиятии дорои масъулияти маҳдуди «Нилуфар» — и ноҳия корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Муассисаи нави таълимӣ аз 16 синфхона ва утоқи алоҳидаи фаннӣ барои 320 хонанда иборат аст. Мактаб бо мақсади рушди соҳа, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва дар як баст фаро гирифтани ҳамаи хонандагон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод бунёд мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






