Низоми пул ва қарзи Бонки миллӣ то 1-уми моҳи майи соли 2012
Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз рӯи маълумоти пешакии Бонки миллии Тоҷикистон маблағи умумии сармояи қарзи низоми бонкӣ ва ташкилоти маблағгузории хурд дар соҳаҳои асосии иқтисодиёт то 1-уми майи соли 2012 (бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ) 4 млрд. 399,4 млн. сомониро ташкил додаст,- иттилоъ доданд аз Агентии омори назди Президенти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар».Қарздории мӯҳлаташ гузашта (нопардохтҳо) аз рӯи қарзи додаи низоми бонкӣ аз ташкилоти маблағгузории хурд то 1-уми майи соли ҷорӣ 294,8 млн. сомониро ташкил додаст, ки аз ҷумла 128,9 млн. сомонӣ ё 43,7 фоиз бо пули милӣ ва 165,9 млн. соионӣ ё 56,3 фоиз бо асъори хориҷӣ мебошад. Аз ҳисоби умумии маблағҳои қарзӣ 3 млрд. 102 млн. 494,8 ҳазор сомониро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 1 млрд.296 млн. 894,1 ҳазор сомониро қарзҳои дарозмӯҳлат ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






