Ноиби мудири НБО «Роғун» вакили парлумон мешавад
Душанбе, 19 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадича Ҳакимова, ки 17 июн бар асари бемории тўлонӣ аз олам гузашт ба аъзои дигари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ Дилшод Исматуллоев, ки дар вазифаи муовини директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» фаъолият дорад, дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Усмон Солеҳ мудири шўъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки Дилшод Исматуллоев аз рўи ихтисос иқтисодчӣ буда, дар НБО «Роғун» вазифаи муовини директори генералӣ оид ба молия ва иқтисодро ба ўҳда дошт. Қаблан ў дар корхонаи кимёи Ёвон низ фаъолият кардааст. Мавриди зикр аст, ки ҲХДТ, ки соли 1994 таъсис дода шудааст, дар палатаи поёнии парлумони мамлакат- Маҷлиси намояндагон беш аз 40 намоянда дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






