Оғози сафари Э. Раҳмон дар Чин
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар»). — Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз музофоти Фуҷиан, ки дар ҷанубу шарқи ин кишвар қарор дорад, оқоз ёфт.Дар фурўдгоҳи шаҳри Сямэни музофоти Фуҷиан Сарвари давлати Тоҷикистонро бо меҳмоннавозии хоса истиқбол гирифтанд.Дар оқози сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мири (котиби кумитаи ҳизбии) шаҳри Сямэн Лю Кесин мулоқот намуд.Дар вохўрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин шаҳри бузургу бостонии кишвари Чин баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, месазад, ки таҷрибаи муваффақи Сямэн дар рушди иқтисоду тиҷорат ва шаҳрсозӣ мавриди омўзиш ва пайравӣ қарор бигирад.Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати ҳамроҳи худ дастур дод, ки Тоҷикистон дар ярмаркаи ҳарсолаи тиҷоративу сармоягузории Сямэн дар сатҳи шоиста муаррифӣ карда шавад.Шаҳрдори Сямэн Лю Кесин дар навбати худ ба иштироки доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии ин шаҳр дар намоиш – фурўши молҳои истеҳсоли худ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуд.Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва қайра сурат гирифт.Сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад.Танҳо дар музофоти Фуҷиан мулоқотҳои ў бо губернатори ин музофот, устодону донишҷўёни Донишгоҳи Сямэн, роҳбарони як қатор ширкатҳои соҳибнуфуз ва иштирок дар форуми соҳибкорону сармоягузорон ва тоҷирони ду ҷониб дар назар аст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






