Оҳангҳои озарӣ дар Тоҷикистон танинадоз мешаванд
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо даъвати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон 15 июн, дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бахшида ба Рӯзи наҷоти миллии Озарбойҷон консерти оркестри симфонии «Раст» — и Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мегардад. Дирижёри оркестр Ходими шоистаи санъати Ҷумҳурии Озарбойҷон профессор Ялчин Восифӯғли Адигезалов мебошад. Дар консерт Ҳунарпешаи мардумии Озарбойҷон Маъсум Исрофилӯғлӣ Иброҳимов ва Ҳунарпешагони шоистаи ҷумҳурӣ Элчин Лезгинӯғлӣ Ҳошимов ва Элнур Оруҷӯғлӣ Аҳмедов ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар барномаи консерт суруду оҳангҳои бастакорони Озарбойҷон ва халқҳои дигари кишварҳои аъзои ИДМ танинандоз мешаванд.Дар ин бора аз Театри опера ва балет ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






