Омӯзиш барои рассомони ҷавон дар Варзоб
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). -Бо ибтикор ва кӯмаки молиявии барномаи «Фарҳанг ва ҳунар»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз 25 июн то 5 июл дар истироҳатгоҳи «Аржанг»-и Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, ки дар дараи хушманзари Варзоб ҷойгир аст, барои 20 нафар шогирди мактабҳои санъати навоҳии Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Варзоб ва шаҳрҳои Душанбею Турсунзода омӯзиш доир мешавад. Рассоми халқии Тоҷикистон Сайфиддин Шералиев ва рассом Бахтиёр Одинаев таҷрибаи худро оид ба расмкашӣ дар шароити табиӣ ба иштирокчиён меомӯзанд. Иштирокчиёни омӯзиш имконият доранд тӯли 10 рӯз малакаи заруриро дар кашидани ангораҳо азхуд карда, тавоноии эҷодиашонро сайқал диҳанд. Барои кори самараноки иштирокчиёни омӯзиш ҷиҳози зарурӣ омода шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






