Омӯзиши малакаи нав оид ба пешгирии ВНМО/БПМН
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Лоиҳаи муштараки Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат (ТБМ), Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди СММ оид ба пешгирии ВНМО/БПМН (ВИЧ/СПИД) дар соҳаи меҳнат дар мавзӯи «Малака ва дониши нави дастрасшуда дар натиҷаи сафари кӯтоҳмуддати омӯзишии шарикони сетарафа оид ба пешгирии ВНМО/БПМН дар соҳаи меҳнат аз Ҳиндустон» мизи мудаввар баргузор гардид.Мақсади асосии баргузории ин чорабинӣ аз шинос намудани иштирокчиён бо хулоса ва пешниҳодҳои ҷамъбастии ба даст овардаи Гурӯҳи кории сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистону ТБМ аз сафари корӣ ба Ҳиндустон ва муаррифии Маркази захиравӣ оид ба пешгирии ВНМО/БПМН дар соҳаи меҳнати навтаъсис дар бинои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Бояд гуфт, ки шиносоӣ бо таҷрибаи 10- солаи Ҷумҳурии Ҳиндустон дар масъалаи татбиқсозии Барномаи миллӣ оид ба пешгирии ВНМО ва сил дар ҷойҳои корӣ, дастрас гардидани маводи зиёд дар ин самт ба Гурӯҳи кории техникии сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тартиб додани Нақшаи кории муштарак ва дар ҳамбастагию ҳамкориҳои оянда бо роҳбарияти корхонаҳои ҷумҳурӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ-профилактикӣ, кӯмак хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






