Омодасозии кадрҳо барои мақомоти корҳои дохилии ИДМ
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар шаҳри Душанбе аз 6 то 8-уми июни соли равон ҷаласаи роҳбарони кадрҳои дастгоҳҳои Вазоратҳои корҳои дохилӣ – политсияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ баргузор гардид. Мақсади ин вохӯрии сатҳи баланд аз муайян намудани вазифаҳои афзалиятнок дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва роҳҳои ҳалли он иборат буд. Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи сиёсати кадрӣ ва усулҳои ҳалли онҳо, мушкилоти касбию равонии омодагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва политсия баррасӣ гардиданд. Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои фаъолияти Ассотсиатсияҳои макотиби олии ВКД, политсияи кишварҳои узви ИДМ-ро доир ба тайёрӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси ҳайати шахсии соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки истифодаи таҷриба ва нерӯҳои муассисаҳои таълимӣ, нерӯи зеҳнии ҳайати устодон, усулҳои нав ба нави технологӣ ва омӯзиширо дар бар мегиранд, мавриди муҳокима қарор доданд. Зимни ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов гуфт, ки таҳкими нерӯҳои кадрӣ, беҳтар намудани сифати ҳайати мақомоти корҳои дохилӣ, политсия, дар шароити ислоҳоти соҳа аҳамияти бузург дорад. Ӯ пешниҳод намуд, ки барои ҳалли муваффақонаи вазифаҳои мақомоти корҳои дохилӣ, омӯзиш, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси кадрҳо масъалаи таъсиси марказҳо доир ба самтҳои гуногуни фаъолият дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар давлатҳои ИДМ баррасӣ карда шавад. Масалан, дар соҳаи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ, қонунӣ намудани маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада ва ҷиноятҳо дар соҳаи технологияи олӣ бисёр муҳим аст.Иштирокчиёни ҷаласа аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Арманистон таҷрибаи амалии худро дар ин самт баён намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






