Озмун барои ишғоли вазифаи мушовири миллӣ
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи мушовири миллӣ дар доираи омодасозии лоиҳаи Дафтари минтақавии Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид «Стратегияи ниҳодҳои миллӣ доир ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» перомуни ҳифз ва фарогирии иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд озмун эълон мекунад.Малакаи зарурӣ, таҷриба ва донишҳои техникӣ, таҳсилоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқ, илмҳои иҷтимоӣ ё илмҳои ба он алоқаманд, донистани низоми ҳифзи иҷтимоӣ; зиёда аз панҷ сол доштани таҷрибаи амалӣ дар таҳлил ва ташхиси қонунгузорӣ; малакаи хуби муошират, инчунин кор бо компютер; ҳисси баланди масъулият, кор карда тавонистан бо гурӯҳ ва ҳавасмандии баланди шахсӣ; донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмист. Давомнокии лоиҳа 4 моҳ мебошад.Мӯҳлати пешниҳоди дархост то 21 июни соли 2012 аст.Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба хадамоти кадрии Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии зерин муроҷиат карда метавонед: Шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷалол Икромӣ – 7, телефон барои тамос: 221-46-89.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






