Озмуни гимнастикаи бадеӣ ва брек-данс миёни кӯдакону наврасон
Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо нашъамандӣ имрӯз дар толори варзишии Вазорати алоқа озмуни гимнастикаи бадеӣ ва брек-данс дар байни кӯдакону наврасони аз 5 то 15 сола баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи ватандӯстӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва фикри солими наврасон арзёбӣ гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ мусобиқаҳои гимнастикӣ, ҳаракатҳои мавзуни бадеӣ ва рақсҳои ҷолибро ба ҷамъомадагон пешниҳод намуданд. Рақсҳои бо тӯб, лентаҳои ранга ва ҳалқаҳоро кӯдакон бо сару либоси махсуси варзишӣ, чеҳраҳои болида ва дар сатҳи балад иҷро намуданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиён бо ҷомҳои варзишӣ, медал, диплом, ифтихорономаҳо ва либосҳои махсуси варзишӣ сарфароз гардонида шуданд. Озмун бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Сафорати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






