Парлумон ба қонуни милитсия илова ворид менамояд
Душанбе, 4 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи ворид намудани тағйиру илова ба Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» 4 июн дар ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид. Дар ҷаласаи Шўро ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ», «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гаштанд. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов, Амирқул Азимов, Хайринисо Юсуфӣ, Саиди Ёқубзод доир ба масъалаҳои баррасишуда, табодули назар намуда, ҷиҳати такмили онҳо пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






