Пешниҳоди Ҷ.Нуралиев
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 7 июн дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини аввали Вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони хайати Бунёди байналмилалии асъор бо сардории сариқтисодчии Раёсати даромадҳои маъмурии департаменти оид ба масъалаҳои махсуси Бунёди байналмилалии асъор Эндрю Мастерс баргузор гардид.Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо ба масъалаҳои такмили рӯи кор овардани андоз, ҳамчунин тадбирҳо дар амри такмил додани таҳрири нави лоиҳаи Кодекси Андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.Ҷамолиддин Нуралиев аҳамияти такмили рӯи кор овардани андозро қайд намуда, пешниҳод кард, ки таҷрибаи пешқадаму мусбати кори кишварҳои дигар дар ин самт мавриди истифода қарор дода шавад.Ҷ.Нуралиев ба роҳбари ҳайат Эндрю Мастерс барои сӯҳбати пурмӯҳтавояш изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки ҳамкории самарабахш бо Бунёди байналмилалии асъор минбаъд ҳам рушду густариш хоҳад ёфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






