Порахӯр дастгир шуд
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 10 июн кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдуллоҷон Шоҳназаровро, ки ба порахӯрӣ гумон бурда мешавад, дастгир намуданд. Мувофиқи хабари сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум шуд, ки ин шахси дастгиршуда бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва қисми ҳарбии рақами 45045 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҶТ забон як карда, ба номи шаҳрванд Азиз Раҳмонов дафтарчаи ҳарбӣ тартиб дода, аз ӯ чун пора 600 доллари амрикоӣ гирифтааст.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






