Проблемаҳо ва дурнамои амнияти биологӣ дар Тоҷикистон

Июнь 22, 2012 16:22

Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо ибтикори Сафорати Русия дар Тоҷикистон, намояндагии Ҳамкории Русия дар ҶТ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон 21 июн дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Проблемаҳо ва дурнамои амнияти биологӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар намояндагони корпуси дипломатии мамлакатҳои аъзои ИДМ, шӯъбаҳои байналмилалии вазорату идораҳои Тоҷикистон дар бахши амнияти биологӣ ширкат доштанд. Мақсад аз мизи мудаввар шинос намудани иштирокдорони он бо проблемаҳои умумӣ ва дурнамои бахши амнияти биологию озуқавӣ, фаъолият ва дастовардҳои созмонҳои дахлдор дар ин соҳа буд. Дар ҷараёни ҷаласа вазифаҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли амнияти биологӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, аз рӯи доираи васеи масъалаҳои мубрами марбут ба амнияти биологию озуқавӣ тавсияҳо ироа шуданд.

Июнь 22, 2012 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад