Протоколи Тоҷикистону Гондурас имзо шуд
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 4 июн дар шаҳри Женева маросими имзои протокол дар бораи мувофиқаи дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гондурас аз рӯи масъалаи ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат баргузор гардид. Ин ҳуҷҷатро аз ҷониби Тоҷикистон Сафир, намояндаи доимии Тоҷикистон дар шӯъбаи женевагии СММ Салоҳиддин Насриддинов ва аз ҷониби Гондурас Сафир, намояндаи доимии Гондурас дар назди Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат Дасио Кастилло имзо намуданд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






