Рӯзи дарҳои кушода дар Берлин

Июнь 5, 2012 16:33

Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Чанде пеш дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки 27 июн баргузор мегардад, Рӯзи дарҳои кушода сурат гирифт. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов аз давраҳои асосии таърихи халқи тоҷик, марҳалаҳои барқароршавӣ ва рушди давлатдории тоҷикон нақл кард.Иштирокдорони ин чорабинӣ бо ҳаёти имрӯзаи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию зеҳнии кишвар, ҳамчунин бо бунёди иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва лоиҳаҳои ихтисосии Тоҷикистон, ки мақсад аз онҳо таъмини рушди устувори кишвар аст, шинос шуданд. Дар доираи ин чорабинӣ филме дар бораи таърихи Тоҷикистон, нерӯи гидроэнергетикӣ ва имконоти сайёҳии он намоиш дода, ҳамчунин намоишгоҳи китобу маводи гуногун ба забони немисӣ перомуни таърихи Тоҷикистон, муносибатҳои Тоҷикистону Олмон ва ҷойҳои ҷолиби диққати ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Июнь 5, 2012 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад