Рӯзи хунсупорандагон таҷлил мешавад
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи умумиҷаҳонии хунсупорандагон таҳти шиори «Қатраи хунат беморро наҷот медиҳад» таҷлил мегардад. Мақсад аз ин чорабинӣ бештар сарфаҳм рафтани аҳолӣ ба масъалаҳои ба таври ройгон супоридани хун аст. Ҳамаи хоҳишмандон аз пагоҳӣ ба Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд, ки барои эҳтиёҷмандон ба таври ройгон хун супоранд.Тавре ки муовини директори Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Вазорати тандурустии ҶТ Нуралӣ Ашӯралиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷумҳурӣ маъракаи ихтиёран супурдани хун то 21 июн давом мекунад. Ҳар сол теъдоди хунсупорандагон аз 35 то 37 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.Имсол ба ифтихори Рӯзи умумиҷаҳонии хунсупорандагон 11 нафар бо унвони «Хунсупорандаи фахрии Тоҷикистон» қадр карда мешаванд.Қобили зикр аст, ки Рӯзи умумиҷаҳонии хунсупорандагон моҳи майи соли 2005 дар ҷараёни иҷлосияи 58 – уми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар шаҳри Женева тасис ёфта ва ҳар сол 14 июн таҷлил мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






