Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Екатеринбург
Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 27 июн дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин чорабинии ботантана Консули умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Парвиз Асоев, нозири Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Ш.Табаров, роҳбари Маркази байналмилалии иттилоотии шаҳри Екатеринбург Амирҳамза Кассиров, ҳамчунин муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни донишкадаҳои олии шаҳр ширкат доштанд.Нотиқон аҳамияти таҳкими ваҳдати миллӣ ва ризоият дар Тоҷикистон, мақоми барҷастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар амри барқароршавии сулҳу ризоият дар ҷумҳуриро ба таври махсус қайд намуданд.Ҳамчунин зикр шуд, ки тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ як қатор лоиҳаҳои калони иқтисодӣ роҳандозӣ шуда, ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия рушду густариш меёбад. Дар ин бора аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






