Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Хатлон
Қӯрғонтеппа, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Тавре ки мудири шӯъбаи маъмурияти вилояти Хатлон Бобоҷон Саидов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, 27 июн дар назди муҷассамаи «Ваҳдат» — и маркази вилоят — шаҳри Қӯрғонтеппа Рӯзи ваҳдату мусолиҳаи миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар назар аст, ки дар ҷараёни ин чорабинӣ раиси вилоят Ғайбулло Авзалов сокинони вилояти Хатлонро муборакбод намуда, бо иштироки устодони санъати вилоят барномаи консертӣ баргузор мегардад. Ба гуфтаи Бобоҷон Саидов, Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таҷлил мешавад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






