Рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Ҷ. Расулов
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Аз 19 то 22 июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов санҷиши соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда бо гузаронидани машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувва, воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия ҳангоми рух додани заминларза ва ба вуқӯъ омадани ҷараёни сел» гузаронида мешавад. Машқҳои мазкур бо мақсади санҷидани сатҳи омодагии мақомоти идоракунӣ, дониш ва сатҳи тахассусии ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании ноҳияи Ҷаббор Расулов, такмили малакаи мустақилона амал намудан дар вазъияти фавқулодда роҳандозӣ шудааст.Бояд қайд намуд, ки ба машқҳо Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят, сардорони хадамоти мудофиаи граждании вилоят, комиссияҳои мудофиаи гражданӣ ва хадамоти мудофиаи граждани ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷалб гардидааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






