Раисии Э.Раҳмон дар ҷаласаи умумии Конфронси СММ оид ба рушд
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи 21-уми июн қисмати зиёди ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушд таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт. Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вогузор намудани раисӣ дар ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ, албатта нишона аз нуфузу эътибори байналмилалии ӯ чун роҳбари кишвари ташаббускори ҳаллу фасли мушкилоти зиёди глобалӣ доир ба об ва санитария, пешгирӣ аз гармшавии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва ҳамчунин чун роҳбари кишвари пешсаф дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мебошад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






