Рекорди нави Тоҷикистон дар давидан
Душанбе, 7 июн. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар мусобиқаи кушоди Ҷоми Ӯзбекистон доир ба давидан ба масофаи 200 метр варзишгари Тоҷикистон Владислава Овчаренко байни бонувон соҳиби медали биринҷӣ гардида, рекорди нави Тоҷикистонро гузошт. Натиҷаи нишондодаи ӯ ба 24,24 сония баробар шуд. Дар мусобиқа дар масофаи 100 метр ӯ зинаи 4-ро(11,39) ба даст овард. Ҳамдастааш Даврон Атобоев байни мардон ба гирифтани мақоми 5-ум(10,84) қаноат ҳосил кард. Акнун намояндагони варзиши сабук дар ҳайати Владислава Овчаренко (100, 200 м), Олга Эшмуродова (100, 200 м), Кристина Пронженко (ҷаҳидан ба дарозӣ), Александр Пронженко (110 м бо монеахо), Далерҷони Ҳайдар (400, 800 м), Хисрави Иқболшо (1500, 5000 м) ва Ҳасан Ғафуров (10 000 м) рӯзҳои 9 ва 10 июн дар мусобиқа барои ҷоизаи Татяна Колпакова дар Бишкек ва 1 июл дар ҳамин гуна мусобиқа дар Алма-Ато иштирок мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






